Иҷозаи интиқоли ҷасадҳои аъзои «бандаи ГТА» ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Хешовандони ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «бандаи ГТА», ки ҳангоми тирпарронӣ дар бинои Суди вилояти Маскав кушта шуданд, ба қатъи парванда нисбати онҳо дар робита ба марги айбдоршавандагон розӣ шуданд.

Тавре хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Мамадҷонов дар толори суд изҳор доштаанд, ки ба қатъи парванда розӣ мебошанд.

«Ман ин ҷо барои ба Тоҷикистон бурдани ҷасад омадаам ва ба қатъи парванда мухолиф нестам», – гуфтааст Мирзошарипова дар толори суд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, бародари Мамадҷонов низ қатъи парвандаро аз суд дархост намуда, изҳор доштааст, ки «хоҳиш мекунам, парвнада қатъ шавад».

Қобили зикр аст, ки муҳокимаи парвандаи 9 узви бандаи ГТА дар додгоҳи вилояти Маскав аз 13 июли соли 2016 ба ин тараф идома дорад.

Дар тирпарронии байни ОМОН ва аъзои бандаи ГТА дар бинои додгоҳи вилояти Маскав, ки аввали моҳи август сурат гирифт, як зодаи Қирғизистон Холиқ Субҳонов ва ду зодаи Тоҷикистон  Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов  кушта шуда, ду зодаи дигари Тоҷикистон  Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...