Иҷозаи интиқоли ҷасадҳои аъзои «бандаи ГТА» ба Тоҷикистон

Хешовандони ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «бандаи ГТА», ки ҳангоми тирпарронӣ дар бинои Суди вилояти Маскав кушта шуданд, ба қатъи парванда нисбати онҳо дар робита ба марги айбдоршавандагон розӣ шуданд. Тавре хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Мамадҷонов дар толори суд изҳор доштаанд, ки ба қатъи парванда розӣ мебошанд. […]

Хешовандони ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «бандаи ГТА», ки ҳангоми тирпарронӣ дар бинои Суди вилояти Маскав кушта шуданд, ба қатъи парванда нисбати онҳо дар робита ба марги айбдоршавандагон розӣ шуданд.

Тавре хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Мамадҷонов дар толори суд изҳор доштаанд, ки ба қатъи парванда розӣ мебошанд.

«Ман ин ҷо барои ба Тоҷикистон бурдани ҷасад омадаам ва ба қатъи парванда мухолиф нестам», – гуфтааст Мирзошарипова дар толори суд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, бародари Мамадҷонов низ қатъи парвандаро аз суд дархост намуда, изҳор доштааст, ки «хоҳиш мекунам, парвнада қатъ шавад».

Қобили зикр аст, ки муҳокимаи парвандаи 9 узви бандаи ГТА дар додгоҳи вилояти Маскав аз 13 июли соли 2016 ба ин тараф идома дорад.

Дар тирпарронии байни ОМОН ва аъзои бандаи ГТА дар бинои додгоҳи вилояти Маскав, ки аввали моҳи август сурат гирифт, як зодаи Қирғизистон Холиқ Субҳонов ва ду зодаи Тоҷикистон  Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов  кушта шуда, ду зодаи дигари Тоҷикистон  Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.