Убайдуллоев ба якдилона дастгирии тағйирот ба қонуни танзим бовар дорад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии палумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 28 август даъват шудани иҷлосияи 12-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.

Аъзои палатаи болоии парлумон тағйиру илова ба қонунҳо Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии ҶТ  ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии палумон хабар дод.

Тағйиру илова ба қонунҳои дар боло зикршударо вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23 август мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, танҳо қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси миллӣ фиристода мешавад.

Даъвати иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба санаи 28 август гувоҳи он аст, ки раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аз ҷониби вакилони палатаи поёнӣ имрӯз якдилона пазируфта шудани тағйиру иловаҳое, ки Президент пешниҳод намудааст,  бовар дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...