ВКД Тоҷикистон наздикони тоҷикдухтари дар Ироқ дарёфтшударо меҷӯяд

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хешону наздикони духтареро, ки бино ба маълумоти журналистони рус аз Тоҷикистон буда, волидонащ ба Ироқ бурдаанд, ҷустуҷӯ дорад.

Қобили зикр аст, ки дар яке аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бағдод духтаре бо номи Марям дарёфт шуд, ки эҳтимол меравад зодаи Тоҷикистон аст. Доир ба ин духтар дар шабакаи телевизионии Russia Today гузориш пахш шуд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ВКД тоҷикистон ба ҷустуҷӯи пайвандону наздикони духтар шурӯъ намуда, мушкилӣ дар он аст, ки духтар дар Сурия ба дунё омада, наздикони волидонаш дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки ӯро дида бошанд.

ВКД Тоҷикистон умедвор аст, ки дар ниҳояти кор наздикони Марям дарёфт шуда, танҳо хешовандонаш метавонанад ӯро аз паноҳгоҳ гиранд. ВКД аз ҳамаи шахсоне, ки духтарчаро шинохта ё маълумоте дар бораи ӯ дошта бошанд, дархост мекунад, ки бо телефонҳои 221-21-21 ё мобилӣ – 1919 ба вазорат маълумот диҳанд.

Журналистони русиягӣ ҳамчунин хабар доданд, ки дар ин паноҳгоҳи Ироқ боз се кӯдаки дигар ҳузур доранд, ки волидонашон шояд зодагони Тоҷикистон мебошанд, вале дар ВКД Тоҷикистон алҳол танҳо дар бораи Марям маълумот доранд.

Бино ба маълуомти СММ, айни замон 234 оилаи тоҷикистониён иборат аз 840 нафар дар қаламрави Ироқу Сурия қарор доранд, ки 309 нафарашон мардон, 279 нафарашон – занон, 110 нафар – духтарон ва 142 нафарашон – писарбачаҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳукуматдорони Тоҷикистон, тайи ду сол, аз соли 2015 то соли 2017 19 оилаи иборат аз 61 нафари тоҷикистониён аз макони даргириҳо бароварда шудаанд, ки миёни онҳо 21 нафар духтарону 20 нафар писарбачаҳо ҳузур доштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.