Омодагии як ширкати Миср ҷиҳати сармоягузорӣ ба индустрияи дорусозии Тоҷикистон

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва директори генералии ширкати «Делта Фарма Био»-и Миср Муборак Солеҳ зикр гардид, ки ин ширкат ҷиҳати сармоягузорӣ ба индустрияи дорусозии Тоҷикистон омода аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои дорусозӣ ва тандурустӣ, роҳандозии низоми […]

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва директори генералии ширкати «Делта Фарма Био»-и Миср Муборак Солеҳ зикр гардид, ки ин ширкат ҷиҳати сармоягузорӣ ба индустрияи дорусозии Тоҷикистон омода аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои дорусозӣ ва тандурустӣ, роҳандозии низоми табодули таҷриба миёни мутахасисони ҳарду кишварро баррасӣ карданд.

Муборак Солеҳ гуфтааст, ширкати зери роҳбарии ӯ ба истеҳсоли доурворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ва ҳамчунин дигар маснӯоти таъиноти тиббӣ машғул аст.

«Ширкат ҷиҳати сармоягузорӣ ба роҳандозии зинаи пурраи хатҳои истеҳсолӣ-технологӣ дар корхонаҳои дорусозии Тоҷикистон дар заминаи технологияҳои муосир ва таҷҳизот аз Миср мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ омода аст», – иброз доштааст ӯ.

Директори генералии ширкати «Делта Фарма Био» ҳамчунин ба интиқоли технологияҳои тиббии Миср ва доруворӣ, дастгоҳҳои гуногуни гурӯҳҳои терапевтӣ, аз ҷумла барои муолиҷаи гепатит ба бозори Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.