Раиси ҲСДТ: дар Тоҷикистон амалан як ҳизб вуҷуд дорад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мутмаин аст, ки дар кишвар ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул наёфтааст ва дар ин замина бисёрҳизбӣ афсонае беш нест. «Дар Тоҷикистони имрӯза низоми мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надорад ва чун аҳзоби сиёсӣ як гунае «маҳсулот»-и ҷомеа шаҳрвандӣ мебошанд, пас ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки имрӯз дар кишвар худи ҷомеаи шаҳрвандӣ […]

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мутмаин аст, ки дар кишвар ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул наёфтааст ва дар ин замина бисёрҳизбӣ афсонае беш нест.

«Дар Тоҷикистони имрӯза низоми мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надорад ва чун аҳзоби сиёсӣ як гунае «маҳсулот»-и ҷомеа шаҳрвандӣ мебошанд, пас ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки имрӯз дар кишвар худи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам вуҷуд надорад», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров.

Ба гуфтаи ӯ, бисёрҳизбие, ки ҳукуматдорон мегӯянд, дар Тоҷикистон амалан вуҷуд надорад. «Масалан, дар ИМА беш аз 200 ҳизб расман вуҷуд дорад, вале воқеан ду ҳизби ба ҳам мухолиф – демократӣ ва ҷумҳурихоҳ амал мекунанд. Дар Тоҷикистони мо бошад, танҳо як Ҳизби ҳокими халқии демократӣ амал мекунад», – мегӯяд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲСДТ қайд кард, ки ба пешниҳоди Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар ВМБК доир ба муваққатан қатъ кардани фаъолияти ҲСДТ комилан розӣ нест.

«Чунин тартиботи «муваққатан қатъ кардани фаъолияти ҳизб» умуман вуҷуд надорад ва ман пешниҳоди Шерзамоновро ғайриматиқӣ мешуморам», – мегӯяд Зойиров.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои бо роҳи муборизаи сиёсӣ дар доираи қонунгузорӣ ноил гардидан ба ҳадафҳои барномавии худ таъсис дода мешаванд.

Раиси ҲСДТ изҳор дошт, ки дар шароити Тоҷикистони имрӯза ҳизби ӯ аз изҳороти пурсарусадо худдорӣ варзида, вале вуҷуд дорад ва фаъолияти худро қатъ накардааст, ҳарчанд аксари ҷонибдорони ҳизб дар хориҷи кишвар, дар муҳоҷират қарор доранд.

Зойиров қайд кард, ки ахиран худаш ҳам маҷбур аст, ки аксари вақташро берун аз қаламрави Тоҷикистон гузаронад.

«Бо сабабҳои маълум ман дар Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос ё адвокат кор карда наметавонам ва барои таъмини рӯзгор ба Русия ва Қазоқистон меравам. Ғайр аз ин, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҲСДТ пули зиёд хароҷот кард, ки мо қарз гирифта будем ва акнун онҳоро бояд баргардонем», – гуфт Зойиров.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.