Ҷоизаҳо ба беҳтарин муассисаҳои мактабӣ ва томактабии пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи ин қарор […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи ин қарор барои ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳо аз буҷети шаҳр 46,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Дар озмуни «Мактаби сол» – гимназияи №74 ғолиб дониста шуда, мактабҳои №37, 40 ва 62 низ бо ҷоизаҳои озмун қадрдонӣ шуданд.

Роҳбари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №87 Гулистон Собирова директори беҳтарини сол ва омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқи мактаби №45-и шаҳр Моҳира Худоназарова беҳтарин муаллими сол эътироф гардиданд.

Дар озмуни «Кӯдакистони сол» муассисаи томактбаии №45 беҳтарин дониста шуда, ҳамчунин кӯдакистонҳои №117 ва 159 низ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Омӯзгори кӯдакистони №151 беҳтарин мураббии сол ва синфи 10 «А»-и литсейи шаҳрии №55 синфи беҳтарини сол эътироф гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.