Тошканд аз Москва ҳабси дороиҳои Гулнора Каримоваро дархост кард

Мақомоти Ӯзбекистон аз Москва хостанд, ки дороиҳои духтари калонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дар Русия ба ҳабс гирад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гулнора Каримова дар Русия дар маҷмааи "Камолот"-и Москва пентҳауз, дар минтақаи Рублевка ҳавлӣ ва 8 хона дорад. Дар Ялтаи Қрим меҳмонхона, манзили истиқоматӣ ва қитъаи замин низ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ӯзбекистон аз Москва хостанд, ки дороиҳои духтари калонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дар Русия ба ҳабс гирад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гулнора Каримова дар Русия дар маҷмааи "Камолот"-и Москва пентҳауз, дар минтақаи Рублевка ҳавлӣ ва 8 хона дорад. Дар Ялтаи Қрим меҳмонхона, манзили истиқоматӣ ва қитъаи замин низ дорад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия рӯзи 24 август гуфт, ки дархости ҷониби Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод.

Гулнора Каримова мудати тӯлоние ба сарояндагӣ машғул буд ва ба худ номи мустаори Googoosha-ро низ гирифта буд. Вай ҳамчунин як муддат дар бахши дипломатия фаъолият кардааст.

Бори аввал дар бораи доду гирифтҳои машкуки Гулнора соли 2012 хабар расид. Рӯзноманигорони телевизиони Шветсия хабар доданд, ки Гулнора Каримова барои иҷозати фаъолияти ширкати мобилии шведӣ дар Ӯзбекистон пора талаб кардааст.

Моҳи октбяри соли 2013 Гулнора дар Ӯзбекистон дар тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд. Вай чанд солро дар ҳабси хонагӣ пушти сар кард. Моҳи августи соли 2015 додгоҳи Тошканд ӯро панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.