Иҷозаи хариду фурӯши озоди асъори хориҷӣ ба аҳолии Ӯзбекистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сокинони Ӯзбекистон сар аз 5 сентябри соли равон метавонанд асъори хориҷиро дар саррофиҳо бо нархи бозор фурӯшанд ё ба воситаи кортҳои бонкӣ дар хориҷ бидуни маҳдудият истифода баранд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ"-ро имзо кард. Дар фармон омадааст, ки ҳангоми таъйини қурби пули миллӣ механизми бозорӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Гуфта мешавад, шахсони воқеӣ дар Ӯзбекистон минбаъд метавонанд, асъори хориҷиро дар саррофиҳо озод фурӯшанд ё аз шуъбаи бонкҳои тиҷорӣ бе маҳдудият бихаранд.

Зикр мегардад, ки то имзои ин фармон дар Ӯзбекистон се навъи қурби асъори хориҷӣ — қурби расмӣ, қурби байнибонкӣ ва "қурби сиёҳ" барои сокинони оддӣ вуҷуд дошт. Қурби "бозори сиёҳ" аз қурби таъйиннамудаи Бонки милии Ӯзбекистон тақрибан ду баробар фарқ мекард.

Қобили зикр аст, ки озодсозии сиёсати пулӣ яке аз тағйироти деринтизор дар Ӯзбекистон баъди марги Ислом Каримов дар соли гузашта шумурда мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.