Иҷозаи хариду фурӯши озоди асъори хориҷӣ ба аҳолии Ӯзбекистон

Сокинони Ӯзбекистон сар аз 5 сентябри соли равон метавонанд асъори хориҷиро дар саррофиҳо бо нархи бозор фурӯшанд ё ба воситаи кортҳои бонкӣ дар хориҷ бидуни маҳдудият истифода баранд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ"-ро имзо кард. Дар фармон омадааст, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сокинони Ӯзбекистон сар аз 5 сентябри соли равон метавонанд асъори хориҷиро дар саррофиҳо бо нархи бозор фурӯшанд ё ба воситаи кортҳои бонкӣ дар хориҷ бидуни маҳдудият истифода баранд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ"-ро имзо кард. Дар фармон омадааст, ки ҳангоми таъйини қурби пули миллӣ механизми бозорӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Гуфта мешавад, шахсони воқеӣ дар Ӯзбекистон минбаъд метавонанд, асъори хориҷиро дар саррофиҳо озод фурӯшанд ё аз шуъбаи бонкҳои тиҷорӣ бе маҳдудият бихаранд.

Зикр мегардад, ки то имзои ин фармон дар Ӯзбекистон се навъи қурби асъори хориҷӣ — қурби расмӣ, қурби байнибонкӣ ва "қурби сиёҳ" барои сокинони оддӣ вуҷуд дошт. Қурби "бозори сиёҳ" аз қурби таъйиннамудаи Бонки милии Ӯзбекистон тақрибан ду баробар фарқ мекард.

Қобили зикр аст, ки озодсозии сиёсати пулӣ яке аз тағйироти деринтизор дар Ӯзбекистон баъди марги Ислом Каримов дар соли гузашта шумурда мешуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.