Кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда ҳангоми дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 12-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.


