Тоҷикистон озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолиро таҳрикомез хонд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд. Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки дар ин замина, Тоҷикистон  […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки дар ин замина, Тоҷикистон  аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Қазоқистон низ озмоиши ҳастаии рӯзи якшанбеи Куриёи Шимолиро маҳкум карда, аз ин кишвар хост, ки аз ҷоҳталабиҳои ҳастаияш даст кашад ва сари мизи муколама нишинад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.