Ифтитоҳи дафтари кории ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо харҷи 1,4 млн. сомонӣ

Дар шаҳри Турсунзода имрӯз бо иштироки муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) маросими ифтитоҳи дафтари кории ташкилоти маҳаллии ин ҳизб доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, ин дафтари кории маҳаллии ҳизб бо харҷи 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи марказии […]

Дар шаҳри Турсунзода имрӯз бо иштироки муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) маросими ифтитоҳи дафтари кории ташкилоти маҳаллии ин ҳизб доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, ин дафтари кории маҳаллии ҳизб бо харҷи 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва ҳамчунин фаъолон ва тоҷирони маҳаллӣ сохта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳизби ҳоким дар 15 шаҳру навоҳии кишвар дафтарҳои кории худро дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо барои пеш бурдани фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дафтарҳои кориро ба иҷора мегирад.

Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ қаблан дар бинои маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ҷойгир шуда, дар робита ба оғози корҳои таҷдиду навсозии ин маҷмаа, айни замон дар бинои назди мавзеи кинотеатри «Ватан» фаъолият дорад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.