Суғд: ҳалокати хонандаи мактаб зери девори хона

Хонандаи синфи 11 дар манзили ҳамдеҳаи худ дар ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан кор мекардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ин робита хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 2 сентябр рух додааст. “Наврас аз беэҳтиётӣ зери девори афтидаи хонае мондааст, ки дар он кор мекард. Аз ҷароҳатҳои бардошта хонандаи […]

Хонандаи синфи 11 дар манзили ҳамдеҳаи худ дар ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан кор мекардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ин робита хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 2 сентябр рух додааст.

“Наврас аз беэҳтиётӣ зери девори афтидаи хонае мондааст, ки дар он кор мекард. Аз ҷароҳатҳои бардошта хонандаи мактаб дар бемористони марказии шаҳри Истаравшан ҳалок шуд”, – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин ҳодиса мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.