Муноқишаи донишҷӯён дар Суғд то кордкашӣ расид

Кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар ҷинояти расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар кӯчаи Деҳқони ҳамин шаҳр миёни донишҷӯи соли 1-уми Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи Техникӣ” ва донишҷӯи соли 3-юми шуъбаи расомии Коллеҷи санъати ш.Хуҷанд, ҷавонписари […]

Кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар ҷинояти расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар кӯчаи Деҳқони ҳамин шаҳр миёни донишҷӯи соли 1-уми Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи Техникӣ” ва донишҷӯи соли 3-юми шуъбаи расомии Коллеҷи санъати ш.Хуҷанд, ҷавонписари 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муноқиша сар зада, аввалӣ бо корд 2-маротиба ба шиками дуюмӣ задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.