Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров ба Тоҷикистон ташриф меорад: – Дар пойтахти Тотористон Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон ҷараён дорад, ки дар он Ду филми коргардонҳои тоҷик – “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ намоиш дода мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]

АНОНС

– Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров ба Тоҷикистон ташриф меорад:

– Дар пойтахти Тотористон Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон ҷараён дорад, ки дар он Ду филми коргардонҳои тоҷик – “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8066 сомонӣ;

1 евро – 10.5028 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1504 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Қуллаи аз ҷиҳати баландӣ дуюми ИҶШС – қуллаи Ленин (7134 м) фатҳ карда шуд.

1992 – Нерӯҳои мухолифин президенти  ҶТ Р.Набиевро ба истеъфо маҷбур карданд.

1994 – Матни нави Гимни давлатии Тоҷикистон (шеъри Г.Келдӣ, оҳанги С.Юдаков) тасдиқ гардид.

2002 — Дар Душанбе Форуми 5-уми умумиҷаҳонии тоҷикон ва форсизабонон доир гардид, ки дар кори он ҳудуди 150 нафар намояндагон аз 125 кишвари дунё ширкат варзиданд.

2004 — Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО Душанберо шаҳри сулҳ эълон кард.

2009 — Президенти Тоҷикистон бемористони нави хусусии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ифтитоҳ намуд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

1946 – Зодрӯзи нависанда Адаш Истад.

1961 – Мавлуди оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ.

1990 — Зодрӯзи рӯзноманигор Фирӯз Умарзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.