«Барқи тоҷик»: болоравии тарифҳо начандон назаррас аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати «Барқи тоҷик» болоравии арзиши истифодаи нерӯи барқро барои аҳолӣ начандон назаррас унвон кард.

«Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад, – омадааст дар маълумоти ширкат. – Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ширкат, бар асоси қарори ҳукумат, ибтидо аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.

Қайд мешавад, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

Мувофиқи банди 3 Қоидаҳои муайян кардани оилаҳои камбизоат, таъин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи нерӯи барқ ва гази табиӣ ба онҳо, ки бо Қарори ҳукумат аз 1 августи соли 2008 тасдиқ шудааст, «ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат (шахсони яккаву танҳо) дар маҳалли зист ба оилаҳое таъин мешавад, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила (шаҳрванд) аз сатҳи 50%-и музди меҳнати ҳадди ақали муқарраршуда камтар бошад». Имрӯз ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал 400 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин ширкати «Барқи тоҷик» аз муштариён дархост намудааст, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб, ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд.

Аз моҳи октябри соли равон арзиши истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон боло меравад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 август ба имзо расонид.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ 15% – аз 14,65 дирами ҳозира то ба 16,85 дирам барои 1 киловатт/соат бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда зиёд карда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Моҳи феврали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои баъзе дараҷаҳои истеъмолгарон арзиши истифодаи барқро боло барад. Ин болоравӣ он замон ба аҳолӣ дахл накарда буд.

Дар ҳамин ҳол, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ – КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...