Боздошти 2 сокини Суғд ба гумони қатли падарҳояшон

Кормандони милитсияи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 2 сокини вилоятро ба гумони даст задан ба қатли падаронашон боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт шаби рӯзи 12 сентябр дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш, марди 47-сола, ҷангу ҷанҷол мекунад. «Сипас бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба […]

Кормандони милитсияи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 2 сокини вилоятро ба гумони даст задан ба қатли падаронашон боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт шаби рӯзи 12 сентябр дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш, марди 47-сола, ҷангу ҷанҷол мекунад.

«Сипас бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои бадани падар задааст, ки дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ марди 40-сола нимаи рӯзи 13-уми сентябр ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, муноқишаву ҷангу ҷанҷол мекунад ва бо корди дасташ 5 маротиба ба узвҳои бадани падараш мезанад, ки бар асари он ҷабрдида аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки гумонбаршудагонро кормандони милитсия дастгир карда, айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.