Париж пойтахти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 эълон шуд

Дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Лима эълон шуд, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж доир гардида, шаҳри Лос-Анҷелес Олимпиадаи соли 2028-ро қабул мекунад. Бино ба маълумоти хабаргузории ВВС, шаҳрҳои Париж ва Лос-Анҷелес аввали моҳи июл ба сифати пойтахтҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва 2028 тасдиқ шуда буданд, […]

Дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Лима эълон шуд, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж доир гардида, шаҳри Лос-Анҷелес Олимпиадаи соли 2028-ро қабул мекунад.

Бино ба маълумоти хабаргузории ВВС, шаҳрҳои Париж ва Лос-Анҷелес аввали моҳи июл ба сифати пойтахтҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва 2028 тасдиқ шуда буданд, вале маълум набуд, ки кадоме аз онҳо пештар ин бозиҳоро мегузаронад.

Гуфта мешавад, барои баргузор намудани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва соли 2028 ҳамчунин шаҳрҳои Гамбург, Будапешт ва Рим низ довталаб буданд, вале онҳо ба рӯйхати ниҳоӣ шомил нашуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳам Парижу ҳам Лос-Анҷелес қаблан низ соҳибони чунин Бозиҳо буданд: Париж Олимпиадаҳои соли 1900 ва 1920 ва Лос-Анҷелес Бозиҳои соли 1932 ва 1984-ро қабул кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои навбатии тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар пойтахти Япония – Токио баргузор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.