Бекорони Ӯзбекистонро бо ҳақмузд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунанд

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фониди корҳои ҷамъиятии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои корӣ дастур дод, ки дар самти ҷалби васеи шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус манотиқи дурдасти деҳот аз тадбирҳои муассиру густарда кор гирад.

Бино ба маълумоти портали Podrobno.uz, зери мафҳуми корҳои ҷамъиятӣ – ободониву сабзгардонии маҳаллаҳои аҳолинишин, тозакунии ҷуйборҳо ва шабакаҳои обёрӣ, таъмири иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, беҳбуди зербино, таъмири кӯчаву роҳҳо, иншооти фонди манзил ва қаламрави фарогири он, ҳамчунин корҳо дар бахши кишоварзӣ дар назар дошта мешавад.

Ҷалби бекорон баҳри амалисозии ин тадбир аз 1 октябр ба сифати озмоиш дар яке аз ноҳияҳои Қарақалпоқистон, ҳар кадоме аз вилоятҳо ва Тошканд сурат гирифта, аз 1 январи соли 2018 ин таҷриба марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳри навоҳии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор мегирад.

Вазорати молияи Ӯзбекистон ба фонд ҷиҳати ташкил ва роҳандозии корҳои ҷамъиятӣ соли 2017 – 84 млрд. сӯм ва соли 2018 – 714 млрд. сӯм маблағ ҷудо мекунад.

Шахсони ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалбшуда аз пардохти андози даромади шахсони воқеӣ, ки ин даромадашонро аз фонд мегиранд, озод карда мешаванд. Даромадҳо ба сифати пардохти кори шахсони воқеӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои фонд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд, аз рӯи пардохти ягонаи иҷтимоӣ андозбандӣ намешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...