Бекорони Ӯзбекистонро бо ҳақмузд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунанд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фониди корҳои ҷамъиятии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои корӣ дастур дод, ки дар самти ҷалби васеи шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус манотиқи дурдасти деҳот аз тадбирҳои муассиру густарда кор гирад. Бино ба маълумоти портали Podrobno.uz, зери мафҳуми корҳои ҷамъиятӣ – ободониву сабзгардонии маҳаллаҳои аҳолинишин, тозакунии […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фониди корҳои ҷамъиятии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои корӣ дастур дод, ки дар самти ҷалби васеи шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус манотиқи дурдасти деҳот аз тадбирҳои муассиру густарда кор гирад.

Бино ба маълумоти портали Podrobno.uz, зери мафҳуми корҳои ҷамъиятӣ – ободониву сабзгардонии маҳаллаҳои аҳолинишин, тозакунии ҷуйборҳо ва шабакаҳои обёрӣ, таъмири иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, беҳбуди зербино, таъмири кӯчаву роҳҳо, иншооти фонди манзил ва қаламрави фарогири он, ҳамчунин корҳо дар бахши кишоварзӣ дар назар дошта мешавад.

Ҷалби бекорон баҳри амалисозии ин тадбир аз 1 октябр ба сифати озмоиш дар яке аз ноҳияҳои Қарақалпоқистон, ҳар кадоме аз вилоятҳо ва Тошканд сурат гирифта, аз 1 январи соли 2018 ин таҷриба марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳри навоҳии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор мегирад.

Вазорати молияи Ӯзбекистон ба фонд ҷиҳати ташкил ва роҳандозии корҳои ҷамъиятӣ соли 2017 – 84 млрд. сӯм ва соли 2018 – 714 млрд. сӯм маблағ ҷудо мекунад.

Шахсони ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалбшуда аз пардохти андози даромади шахсони воқеӣ, ки ин даромадашонро аз фонд мегиранд, озод карда мешаванд. Даромадҳо ба сифати пардохти кори шахсони воқеӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои фонд ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд, аз рӯи пардохти ягонаи иҷтимоӣ андозбандӣ намешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.