Дар маҳаллаи Зарафшон барқ нест. Одамон дар лифт дармондаанд

Asia-Plus

Масъулони шабакаҳои барқи пойтахти Тоҷикистон аллакай муддати се рӯз пайдарпай интиқоли барқ ба маҳаллаи Зарафшонро қатъ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ин микрорайон хабар доданд, шурӯъ аз 12 сентябр то ҳол мунтазам интиқоли барқ қатъ мешавад.

«Давоми шабонарӯз бидуни огаҳӣ ин ҳолат то 10 маротиба такрор шуда, одамон аз 30 дақиқа то 1,5 соат бе барқ мемонанд. Дар натиҷа лифту дигар техникаи маишӣ аз кор мебароянд», – иброз доштанд онҳо.

Аз муроҷиати сершумори сокинони маҳалла ба ширкати «Барқи тоҷик» алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. «Айни замон тамоми маҳалла бебарқ буда, даҳҳо нафар дар лифтҳо дармондаанд», – афзуданд сокинони маҳалла.

То ҳол имкон даст намедиҳад, ки аз ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди ин масъала шарҳе дастрас бикунем.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...