Наҷоти ронандаи бо автомашинааш ба дарёи Варзоб сарозеррафта

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ як сокини 23-солаи кишварро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҷавон бар асари садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб фурӯ рафта буд.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб […]

Дафтари матбуоти КҲФ ва МГ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ як сокини 23-солаи кишварро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҷавон бар асари садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб фурӯ рафта буд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд баллони мошини сабукрави тамғаи "Мерседес-Бенс" ногаҳон кафид. Дар ин ҳол дар мошин ронанда танҳо буд. 

Ба шарофати амали фаврӣ ва рафтори ҷавонмардонаи наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи Ситоди КҲФ-и шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки ронандаи 23-сола фавран аз об берун кашида шавад. Барояш кӯмаки аввалияи тиббӣ расонданд. Ҷавонмард баъди он ки ба худ омад, бистарӣ шудан дар бемористонро рад кард, чун худро хуб ҳисс мекард ва ниёз ба табобат надошт. Баъдан бо талоши кормандони наҷоти Кумита мошин низ аз об берун оварда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали соли 2017 кормандони КҲФ 10 нафар аз ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудорфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баронандагон тавсия медиҳад, ки дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ бошанд, бахусус дар дараҳои тангу роҳҳои морпеч суръати ҳаракати мошинҳоро аз меъёр боло набаранд, ҳаёти худ ва атрофиёнашонро ба хатар наяндозанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.