Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзиёев ва Назарбоев ҳам мулоқот карда, озими Ню-Йорк шуд

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкориҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисерҷониба натиҷагирӣ карда, барои ба сатҳу сифати беҳтар расондани он омодагию ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард.

Иҷлосияи ҳамасолаи мақомоти асосии СММ аз 12 сентябр ба кор шурӯъ намуда, музокироти умумии сиёсӣ аз 19 сентябр оғоз мегарданд.

Дар Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ намуда, як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...