Имкони ба прокуратура муроҷиат кардани ҳиҷобпӯшони ҷаримашуда

Заноне, ки барои пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд, барои барқарор кардани ҳуқуқҳои худ, метавонанд ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳамин ҳол, онҳо бояд бо худ санади ҷаримаро дошта бошанд. Ӯ тасдиқ кард, ки мувофиқи меъёрҳои тағйироти қабулшуда ба қонуни […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Заноне, ки барои пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд, барои барқарор кардани ҳуқуқҳои худ, метавонанд ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳамин ҳол, онҳо бояд бо худ санади ҷаримаро дошта бошанд.

Ӯ тасдиқ кард, ки мувофиқи меъёрҳои тағйироти қабулшуда ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, барои ба бар кардани сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

«Агар бонувонро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд ва ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод намоянд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ба сурати умум барои риоя накардани меъёрҳои ин қонун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо бар асоси қарои суд ҷаримабандӣ шуда метавонанд ва ҳеҷ кадоме аз мақомоти дигар ба ҷаримабандӣ барои нақзи ин қонун ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» намояндаи парлумони ҷумҳурӣ низ қайд кард, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои ба бар кардани сарулибоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.