Ҳалокати беш аз 200 нафар дар Мексика бар асари заминларза

Радиои Озодӣ

Бар асари заминларза дар Мексика беш аз 200 нафар ҳалок шуда, доир ба соат ба соат афзудани шумори осебдидагон маълумот  мерасад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Milenio бо истинод ба хабаргузори ТАСС иттилоъ медиҳад.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, бино ба гузоришҳо, шуморе аз биноҳо дар пойтахти сераҳолии Мексика фурӯ рехтаанд ва имдодгарон, пулис, сарбозони артиш ва довталабон дар ҳоли ҳозир ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Маркази заминларза 7,1-дараҷаӣ дар 120-километрии Мексика сити, пойтахти Мексика будааст.

Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Мексика қаблан гуфта буд, ҳадди ақал 28 бино дар пойтахт фурӯ рехтааст. Аммо чанд соат баъдтар шаҳрдори Мексика сити шумораи биноҳои фурӯрехта ё шадидан осебидидаро ба маротиб бештар гуфт. Барқи наздик ба 4 миллион муштарӣ қатъ шуда ва шумораи зиёде аз аҳолӣ бе газу об мондаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар миёни биноҳое, ки дар Мексика сити шадидан осеб дидаанд, як маҷмааи истиқоматӣ, як корхона, як супермаркет ва як мактаб ба чашм мехӯранд. Пойтахти Мексика яке аз пуриздиҳомтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст. Дар ин шаҳр ва минтақаҳои атрофи он ҳудуди 20 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...