Ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик дар Тошканд

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошкенти бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар баргузор мешаванд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон» намоиши ду филми пурраи […]

Asia-Plus

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошкенти бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон» намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

Гуфта мешавад, дар барномаи консертӣ  дар шаҳри Тошкент ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик ба мисли Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки санъати рақси миллии тоҷикро дар Ӯзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.