ВКД номи нахустин ронандаи сархуш баъди сангинтар шудани ҷазоро номбар кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби нахустин ронандаи сархуш аз машруботро, ки баъди ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ ба ин амал даст зад, номбар кард. Тағйироти воридшуда ҷазо барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашинаро сангинтар карда, агар қаблан барои он аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кардан ба муддати ду сол пешбинӣ шуда буд, акнун […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби нахустин ронандаи сархуш аз машруботро, ки баъди ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ ба ин амал даст зад, номбар кард.

Тағйироти воридшуда ҷазо барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашинаро сангинтар карда, агар қаблан барои он аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кардан ба муддати ду сол пешбинӣ шуда буд, акнун қонуншиканро маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 10 сол интизор аст. Ғайр аз ин, ҳаҷми ҷаримаҳо низ ба таври назаррас афзуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини ноҳияи Спитамен Авазбек Абдумаҷидов барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муддати 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони БДА дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ 13 нафаррро боздошт ва ҳар кадоме аз онҳоро ба маблағи 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.