Марди бо табар ба судя дарафтода ба наздикӣ муҷозот мешавад

Маводи парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Панҷ, ки ба суд бо табар дарафтода буд, ба наздикӣ ба ихтиёри суд дода мешаванд. Мувофиқи маводи парванда, гумонбаршуда аз қарори суд нисбати даъвои ҳамсараш норозӣ шуда, тасмим мегирад, ки барои ин судяро ҷазо медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Файз […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Маводи парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Панҷ, ки ба суд бо табар дарафтода буд, ба наздикӣ ба ихтиёри суд дода мешаванд.

Мувофиқи маводи парванда, гумонбаршуда аз қарори суд нисбати даъвои ҳамсараш норозӣ шуда, тасмим мегирад, ки барои ин судяро ҷазо медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Файз Султониён хабар дод, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ Диловар Олимов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 32-104, қ. 2, банди «б» (қасди куштор) гумонбар дониста шуда, маводи парванда ба наздикӣ ба суд фиристода мешавад.

Ин воқеа нимаи дуюми рӯзи 31 август рух дод. Диловар Олимов бо табар ба раиси суди ноҳияи Панҷ Давлатманд Раҳимзода дар кабинеташ дарафтода, судя бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҳамин рӯз Раҳимзода даъвои собиқ ҳамсари гумонбаршуда Ҷамила Нуралиеваро қонеъ намуда, барои ду фарзанд ба ӯ пардохти 260 сомонӣ алимент мукаррар кард. Олимов аз ин қарори суд норозӣ шуда, ба ҷои кораш, ошхонаи «Файз» меравад ва машрубот нӯшида, бо табар ба бинои суд бармегардад.

Раҳимзода гуфтааст, чӣ тавр ба наздаш даромадани Олимовро пай набурдаааст. Олимов ба судя наздик шуда, бо табар ба сараш зарба мезанад. Судя худро ҳимоя карда, зарбаҳои дигар ба дастонаш бармехӯранд.

Қаблан зимни мусоҳиба ба газетаи «Фараж» Раҳимзода зикр карда буд, ки Олимов аз аввал рафтори беадабона дошта, вақти мурофиа ҷанҷолу муноқиша ва ба занаш таҳдид мекард.

Айни замон ҷабрдида дар бемористон қарор дошта, гумонбаршуда ба наздикӣ назди суд ҷавоб мегӯяд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.