БМТ: Таваррум дар Тоҷикистон тадриҷан муътадил мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз болоравии нисбатан назаррас дар нимсолаи аввал, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, тавре интизор мерафт, ба ҷараёни муътадили худ бармегардад.

Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), дар моҳи августи соли ҷорӣ таваррум аз интизориҳо пасттар бо нишондиҳандаи манфии – 0,3 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад.

«Ин нишондиҳандаи моҳонаи таваррум дар нуҳ соли охир пасттарин ба ҳисоб рафта, асосан аз ҳисоби коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус сабзавот дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили нав ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ба вуқӯъ пайвастааст», – омадааст дар маълумот.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки ҳамзамон, таварруми солона дар моҳи август то ба 7,7 фоиз аз 8,9 фоизи моҳи июл поён фаромада, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат (7% ±3)  наздик шуда истодааст.

«Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона ҳоло ҳам зиёд – 5,8 банди фоизиро ташкил дода, он асосан аз таъсири назарраси омилҳои мавсимӣ ва таклифотӣ, яъне коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ дар нимсолаи аввали сол вобастагӣ дорад, – шарҳ медиҳанд дар БМТ. – Қаблан, сабаби аз меъёри нишондиҳандаи мақсаднок баромадани таваррум низ маҳз омилҳои зикргардида буданд».

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ таъсири омилҳои мазкур ҳамчун равандҳои муваққатӣ ва гузаранда арзёбӣ гардида, тибқи дурнамо интизор мегардад, ки дурнамои сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок ва ҳудуди эътимоднокии 7,0% (+/-3%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.

«Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил ба танзими ҳаҷму арзиши пул ва бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таваррум равона мегардад», – зикр мегардад дар хотимаи маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...