Харобкории як шаҳрванди Қирғизистон дар пояи ҳайкали Линколн дар пойтахти ИМА

Пулиси шаҳри Вашингтон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки бо танга номи худро дар пояи ҳайкали Линколн дар пойтахти ИМА навиштааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, додгоҳ ҳаҷми хисоротро 2 ҳазор доллар муайян кардааст. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Қирғизистон 18 сентябр боздошт ва зидди ӯ барои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пулиси шаҳри Вашингтон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки бо танга номи худро дар пояи ҳайкали Линколн дар пойтахти ИМА навиштааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, додгоҳ ҳаҷми хисоротро 2 ҳазор доллар муайян кардааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Қирғизистон 18 сентябр боздошт ва зидди ӯ барои анҷоми амалҳои харобкорӣ парванда боз шудааст. Иттилои сафорати Қирғизистонро дар ин бора пулиси Вашингтон низ тасдиқ кардааст.

Боздоштшуда 19 сентябр ба шарти ҳозир шудан дар додгоҳ озод карда шудааст. Қарор аст, мурофиаи мазкур ибтидои моҳи октябр баргузор шавад. Шаҳрванди Қирғизистон дар суҳбат бо кормандони консулгарӣ гуноҳро ба гардан гирифта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Бино ба иттилои нашрияи nydailynews, ба ин шаҳрванди 21-солаи Қирғизистон аз 10 соли зиндон то ҷарима дар ҳаҷми 25 ҳазор доллар таҳдид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.