Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маркази фарҳанги ACTISCE дар Париж намоишгоҳи аксҳои рассоми аксбардори маъруфи тоҷик Ниссор Абдураззоқов доир мегардад. Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамчунин филми мустанади соли 1989 – «Чарх»-и Мақсудшо Имматшоев дар бораи маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Бадахшон намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7955 сомонӣ;

1 евро – 10.5590 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав.

2000 – Анҷоми ваколати Қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ дар Тоҷикистон.

2001 – Маросими ба истифода додани қитъаи роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма доир гардид, ки роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғобро бо шоҳроҳи Қарақорум мепайвандад.

2006 — Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои Тоҷикистону Эрон «ТоҷИрон» ба кор даромад.

1912-1983 – Зодрӯзи актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Павел Суханов.

1918 – Мавлуди актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзо Мадаминов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +23+34; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, шабона дар баландии беш аз 3000 метр каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+25.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...