Мавқеи Кумитаи варзиш нисбати манъи бархе аз намудҳои муҳорибаҳои ҷангӣ

Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд. Тавре аз Кумитаи мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, агар пешниҳод қабул шавад, фаъолияти гурӯҳҳои машғул ба чунин навъи варзиш дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимии варзишӣ манъ мешавад. Ба ақидаи собиқ котиби […]

Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд.

Тавре аз Кумитаи мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, агар пешниҳод қабул шавад, фаъолияти гурӯҳҳои машғул ба чунин навъи варзиш дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимии варзишӣ манъ мешавад.

Ба ақидаи собиқ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ширин Мамадсафоев, барои қабули чунин пешниҳод далелҳои муътамад зарур буда, ба гунаи мисол метавон ба маълумоти омории ВКД рӯ овард,  то ки аз ҷониби намояндагони ин ё он навъи варзиши манъмешуда чӣ миқдор ҷиноят содир карданро муайян кард.

«Солҳои 80-уми замони шӯравӣ машқи гурӯҳҳои каратэ-ро манъ карданд, лекин онҳо пинҳонӣ фаъолият намуда, шумори пайравонашон бештар шуд, – иброз дошт ӯ. – Аз ин рӯ, ҳамаашро чандин маротиба мебояд ба тарозуи ақл баркашида, баъд сари қароре омад».

Номбурда гуфт, ҷорӣ кардани маҳдудияти синну сол беҳтар аст, масалан ба ҷавонони синни то 21-сола манъ кардани машқҳо оид ба муҳорибаҳои ҷангӣ. «Дар робита ба муҳорибаҳои ба истилоҳ бидуни қоида бошад, дар ин навъ роҳандозии маҳдудиятҳои қатъӣ мувофиқи мақсад мебошад», – илова кард Ширин Мамадсафоев.

Шуҳрат Неъматулооев, президенти Федератсияи бокси касбӣ дар мавриди ин масъала қайд кард, ки барои манъи бокси касбӣ асосҳо мавҷуд нестанд.

«Аввалаш чунин навъи варзиш вуҷуд надорад, танҳо бокс мавҷуд аст, ки навъи варзиши олимпӣ буда, дар Тоҷикиситон анъанаҳои хуб дорад », – иброз дошт ӯ. – Ғайр аз ин, ба варзишгарони навъи бокси касбӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ иҷозат дода шудааст».

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Ӯзбекистон аз рушди бокс дар сатҳи касбӣ истиқбол намуда, барои дастгирии он барномаҳои дахлдор қабул шудаанд.

«Манъи ин навъи варзиш лозим нест, баракс онро дастгирӣ мебояд кард, то ки ҷавонон бештар ба варзиш рӯ оранд. Агар ин пешниҳод қабул шавад, мо бори дигар дар арсаи байнулмилалдӣ мавриди хандаву истеҳзо қарор мегирем», – қайд кард номбурда.

Дар робита ба дигар навъҳои муҳорибаҳои ҷангӣ номбурда зикр кард, ки ин ҷо воқеан ҳам мушкилот вуҷуд дошта, Кумитаи варзиш ҳамчун мақомоти салоҳиятдор метавонад баргузории мусобиқаҳо дар ин самтро зери назорату танзим гирад ва ҷое маҳдудият ҳам ҷорӣ намояд, то ки амалҳои бераҳмӣ ва зӯроварӣ камтар ҷой дошта бошанд.

«Агар ин навъҳои варзиш манъ карда шаванд, онҳо боз ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта,  танзими он душвортар мешавад», – афзуд Шуҳрат Неъматулллоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.