Таҳлили сарусадоҳои хурӯҷи бемории зардпарвин дар Вазорати тандурустӣ

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сару садоҳоро вобаста ба доман паҳн намудани бемории зардпарвин дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Тавре дар маълумоти дар сомонаи Вазорат дар ин робита интишоршуда зикр мегардад, аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи соли 2017 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 1388   ҳодисаҳои зардпарвини вирусии намуди “А” ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  281 ҳодиса камтар мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин муддат бемории мазкур дар  ноҳияҳои Айнӣ-5 ҳодиса, Ашт-38 ҳодиса, Деваштич-81 ҳодиса, Зафаробод-12 ҳодиса, Кӯҳистони  Мастчоҳ-8 ҳодиса, Мастчоҳ- 1 ҳодиса, Спитамен-31 ҳодиса,  Ҷ.Расулов-92 ҳодиса, Шаҳристон-39 ҳодиса, шаҳри Гулистон-24 ҳодиса,  Истаравшан-41 ҳодиса, Истиқлол-14 ҳодиса, Конибодом-105 ҳодиса,  Панҷакент-75 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳои эпидемиологӣ бемории  зардпарвини вирусии намуди “А” сирояти дорои хусусияти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фасли тобистону тирамоҳ рост омада, бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакони синни томактабию мактабӣ)  мушоҳида карда  мешавад.

Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар дар риоя нагардидани  гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.

Аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории зардпарвини вирусии намуди “А” чораҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардида, ҷиҳати саривақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводҳои безараргардонӣ  ҷудо карда шудааст.

Айни ҳол вазъи бемории зардпарвини вирусии намуди “А” дар ҷумҳурӣ  мӯътадил буда,  таҳти назорат қарор дода шудааст.

Рӯзи 18 сентябр Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар як ҷамоати деҳоти ноҳияи Ашт тахминан 100 нафар, аксар кӯдакон гирифтори бемории зардпарвин шуда, дар ин замина мақомоти маҳаллӣ ва ҳам масъулини соҳаи беҳдошт нигаронӣ изҳор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...