Тасдиқи номзадии сафири нави ИМА дар Русия дар Сенат

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сенати ИМА номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафири Амрико дар Русия тасдиқ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, губернатори пешини иёлати Юта, ҷумҳурихоҳ Ҷон Хантсман ҳанӯз дар моҳи март сафир таъйин шуда буд. Кохи сафед то ҳанӯз номзадии ӯро барои дарёфти ризоият ба Сенат намефиристод.

Кохи сафед то кунун мунтазири тасдиқи номзадии вай аз сӯи Москва буд. Тасдиқи дуҷониба аз сафирони нав – сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ва Ҷон Хантсман дар мулоқоти моҳи июли президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар саммити "Бистгонаи бузург" дар Ҳамбурги Олмон сурат гирифт.

Баъдтар дар ҷаласаи Сенат Хантсман сиёсатҳои Москваро яке аз хатарҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии ИМА номид. Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳдиди амнияту суботи Аврупо, дахолат кардан ба истиқлоли кишварҳои ҳамсояаш идома медиҳад.

Хантсман ҳамчунин гуфт, ки Москва "бидуни шубҳа" дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст. Вай илова кард, омодааст ин масъаларо бо мақомоти Русия баррасӣ кунад. Кремл дахолат дар интихоботро рад мекунад.

Хантсман дар гузашта ИМА-ро дар Сингапур ва Чин сафирӣ мекард. Соли 2012 вай барои курсии президентӣ мубориза бурд. Хонаводаи Хантсман соҳиби корхонаи азими кимиёвӣ аст, ки дар Русия манфиатҳои молӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...