Собиқ табиби ташхисгари Суғд баъди 20 соли куштор маҳкум шуд

Собиқ табиби Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Суғд барои куштори ҳанӯз 20 сол пеш содиршуда ба 15 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд. Судяи суди вилояти Суғд Шавкат Обидиён ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда Тоҳир Ҳакимови 48-сола давоми солҳои 1995-1997 ба ҳайси ташхисгари судиву тиббӣ ва солҳои охир ба сифати […]

Собиқ табиби Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Суғд барои куштори ҳанӯз 20 сол пеш содиршуда ба 15 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.

Судяи суди вилояти Суғд Шавкат Обидиён ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда Тоҳир Ҳакимови 48-сола давоми солҳои 1995-1997 ба ҳайси ташхисгари судиву тиббӣ ва солҳои охир ба сифати табиб дар Маркази солимии деҳаи Қӯрғонча кор кардааст.

«Куштор 30 июни соли 1997 содир шуда, танҳо акнун баъди 20 сол, 16 июни соли 2017 тибқи аризаи хеши дар зиндон қарордоштааш ӯ ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шуд», – иброз дошт судя.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Ҳакимов моҳи феврали соли 1997 ба шиноси худ Бахтиёр Кураматов, ронандаи ректори филиали Донишгоҳи техникии ба номи академик С.Осимии шаҳри Хуҷанд 3,5 ҳазор доллар қарз дода, ӯ ваъда додааст, ки қарзро баъди 10 рӯз бармегардонад, вале барнагардонида, гузашта аз ин, изҳор мекунад, ки аз табиб чизе нагирифтааст ва ба ӯ таҳдид ҳам мекунад.

Моҳи майи соли 1997 Кураматов ҳамроҳи ду нафар шахсони ношинос табибро лату кӯб намуда, ӯ ҷароҳат мебардорад ва дар хона муолиҷа гирифта, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар намедиҳад.

«Санаи 30 июли соли 1997 табиб Бахтиёр Кураматовро назди мошинаш интизор шуда, вақте ки ӯ ба автомашина мешинад, Ҳакимов ба курсии қафои автомашина нишаста, талаб мекунад, ки қарзро баргардонад, – мегӯяд судя. – Дар натиҷа занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, табиб ба Кураматов чандин маротиба бо корд зарба мезанад, ки бар асари он ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад».

Баъди куштор табиб кордро ба об партофта, ба Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Суғд ба кор меравад. Ҷасади Бахтиёрро барои ташхис ба марказ меоранд ва ӯ шахсан ба он хулосаи тиббӣ менависад. Қотили Кураматов муддати 20 сол номаълум буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.