Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00; – Дар Тоҷикистон Конфронси байнулмилалӣ оид ба амнияти ғийзойӣ дар минтақаи АвруОсиё доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8001 сомонӣ; 1 […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Тоҷикистон Конфронси байнулмилалӣ оид ба амнияти ғийзойӣ дар минтақаи АвруОсиё доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8001 сомонӣ;

1 евро – 10.3956 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1497 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 — Яке аз корхонаҳои бузург дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ Комбинати абрешими Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.

1941 – Оғози амалиёти «Тайфун» – тарҳи фармондеҳии гитлерӣ оид ба ишғоли Маскав.

2008 — Бо қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе фаъолияти созмони динии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шуд.

2013 — Пас аз 10 моҳи аз фаъолият бозмондан корхонаи «Тоҷиксемент» бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба кор дароварда шуд, ки акнун оташдонаш ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунад.

1938 – Мавлуди ҳунарманди театр Шарофат Ёрова

1961 – Зодрӯзи Устоди варзиши самбои ИҶШС Исмонқул Таваралиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +30+32.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.