Эълони кофтукови байналмилалии зархаридони дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иштирокдошта

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки Тоҷикистон зархаридони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ иштирокдоштаро мавриди кофтукови байнулмилалӣ эълон кардааст. Зимни суханронӣ дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Чин идома дорад, Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки бо назардошти васеъ гардидани таҳдиду хатарҳои терроризм, Тоҷикистон соли 2016 аз […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки Тоҷикистон зархаридони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ иштирокдоштаро мавриди кофтукови байнулмилалӣ эълон кардааст.

Зимни суханронӣ дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Чин идома дорад, Рамазон Раҳимзода қайд кард, ки бо назардошти васеъ гардидани таҳдиду хатарҳои терроризм, Тоҷикистон соли 2016 аз рӯи ҳисоб маротибаи дуюм Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амалии онро қабул кард.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба муҳимияти чораҳои қабулгардида дар соҳаи мубориза бо терроризм Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар баромади худ дар ҷаласаи пленарии 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ, ки рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, таъкид намуд.

«Ин шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо дар собиқ давлатҳои шӯравӣ мебошад, ки бо мушкилоти терроризм ва экстремизм дучор гардида буд, – гуфт ӯ. – Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз давлатҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд. Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро ба кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем».

Дар маърӯзаи худ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамзамон зикр кард, ки  чунин ҳамоиши сатҳи баланд метавонад ҳамчун заминаи мусоид барои муҳокимаи масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир гардад, ки танҳо дар ҳамбастагию ҳамкорӣ метавон бар зидди онҳо мубориза бурд ва дар ҳақиқат, воқеаю ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон рух медиҳанд, шаҳодати онанд, ки ягон давлат наметавонад аз амалҳои террористӣ эмин бошад.

Зимнан зикр гардид, ки далели ин гуфтаҳо ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар Олмон, ИМА, Британия, Фаронса, Италия, Испания, Туркия, Россия ва дигар давлатҳо мебошанд, ки ба фавти даҳҳо ва ҳатто ҳазорон инсонҳо оварда расонидаанд.

«Мо ба ҳамаи халқҳои ин давлатҳо ва наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ менамоем ва ҳар як ҳодисаву воқеае, ки имрӯзҳо дар Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо рух дода истодаанд, мисоли равшани огоҳӣ барои ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамоҳангӣ, якҷоягӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи моро бар зидди душмани умумӣ тақозо менамоянд», – таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.