Мусофир ронандаро бо 6 зарби корд захмӣ кард

Кормандони милитсия як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба мақомоти милитсяи муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ҳангоми ба мусофиркашӣ машғул буданаш, шахси номаълум ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” савор шуда, […]

Кормандони милитсия як сокини 25-солаи ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба мақомоти милитсяи муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ҳангоми ба мусофиркашӣ машғул буданаш, шахси номаълум ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” савор шуда, хоҳиш намудааст, ки ӯро то манзили истиқоматиаш ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ барад.

Гуфта мешавад, баъдан, ҳангоми ба деҳаи Навбунёд расиданашон шахси мазкур бо мақсади аз худ намудани автомашина, бо корд 6-маротиба ба аъзои бадани ронанда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.