Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Пешвои миллат»

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” боздид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат моҳи феврали соли гузашта дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда, бо таъсиси […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” боздид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат моҳи феврали соли гузашта дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда, бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.

Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст.

Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.