Помир бори дигар ба феҳристи 100 макони беҳтарини экотуризм шомил гардид

Минтақаи баландкӯҳи Помири Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии "100 green destinations" – «100 самти глобалии устувор» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора санаи 27 сентябр дар Рӯзи байнулмилалии сайёҳӣ (туризм) дар шаҳри Кашкайше (Португалия) хабар дода шуд. Мувофиқи рӯйхати ғолибони рейтинг, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Тоҷикистон дар ин номинатсия ҳузур дорад. […]

Қурбон Аламшоев, Asia-Plus

Минтақаи баландкӯҳи Помири Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии "100 green destinations" – «100 самти глобалии устувор» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора санаи 27 сентябр дар Рӯзи байнулмилалии сайёҳӣ (туризм) дар шаҳри Кашкайше (Португалия) хабар дода шуд.

Мувофиқи рӯйхати ғолибони рейтинг, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Тоҷикистон дар ин номинатсия ҳузур дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи экологӣ ва фарҳангиу сайёҳии Помир (ПЭКТА) Кишвар Абдулалишоев хабар дод, шомил гардидани Помир ба ин феҳрист аз эътирофи минтақа ба сифати яке аз беҳтарини самтҳои сайёҳии экологӣ гувоҳӣ медиҳад.

«Помир пайдарпай бори сеюм аст, ки ба шумори «Тор 100» беҳтарин макони устувор ва сабз барои сайёҳии ҷаҳонӣ дохил мешавад, – гуфт ӯ. – Соли гузашта Кӯҳҳои Помир (Pamir Mountains), водии Вахон ва дараи Бартанг низ дар ин рӯйхат ҳузур доштанд».

Бино ба маълумоти таҳиягарони рейтинг, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи манзараҳои табиат, муҳити зист ва иқлим, фарҳангу расму оин, рафтори одамон ва меҳмоннавозӣ, ҳамчунин идоракунии устувории нуқтаи таъинот интихоб карда мешаванд.

Ба гуфтаи К.Абдулалишоев, ба ин феҳрист шомил гардидани Помир ба таваҷҷуҳи бештари туризми ҷаҳонӣ ба тамоми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди ин соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин замина шароити мусоид фароҳам меоварад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.