Интиқоди Зуҳуров аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ: сармоягузорон мегурезанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти хизматгузорӣ ба мусофирон рӯз то рӯз бад мешавад.

«Ҳама гуна сармоягузори хориҷӣ, ки хостори маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст, пас аз шиносоӣ бо сатҳи хизматгузории ширкатҳои ҳавопаймоии мо рӯ ба фирор меорад», – қайд кард Зуҳуров.

Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон имрӯз пешниҳоди ҳукумат дар бораи аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи содиротӣ озод кардани таҷҳизот барои «Тоҷикаэронавигатсия»-ро дастгирӣ кард.

Номгӯи таҷҳизоте, ки бояд давоми сол ворид гардад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, техника аз ҳисоби воситаҳои «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ мешавад. Ҳаҷми маблағе, ки буҷети кишвар аз ситонидани маблағи андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ аз ин воридот аз даст медиҳад, маълум нест.

Айни замон ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳамаи парвозҳои худро ба кишварҳои хориҷӣ бо фурудойӣ дар дигар кишварҳо барои пур кардани сӯзишворӣ анҷом медиҳанд, ки ин фурудоиҳои маҷбурӣ аз моҳи май идома доранд. Он замон нархи баланд ба сӯзишвориву акнун камбуди он сабаби ин ҳолат гуфта мешавад.

Ягона воридкунандаи сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» (ШТС) мебошад, ки онро аз Русия харидорӣ намуда, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ қариб ду баробари нархаш – 1 ҳазору 120 доллар барои 1 тонна мефурӯшад.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ на ҳама вақт метавонанд бо чунин нарх онро харидорӣ намоянд. Аз ин рӯ, онҳо қарздор мешаванд. Бо ҳамин сабаб вақти парвоз маҷбур мешаванд, ки барои пур кардани миқдори нокофии сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар, ки керосини авиатсионӣ хеле арзонтар аст, фуруд оянд.

«Табиист, ки ҳама гуна ширкат низ чун ШТС аз имкони дар бозор мавҷуд набудани рақибон истифода бурда, нархро боло мебардошт. Аҷибаш он аст, ки мақомоти назоратӣ ва дар навбати аввал Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба куҷо менигаранд?», – савол медиҳанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ.

Бо назари Ширкати таъминоти сӯзишворӣ доир ба ин масъала дар суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...