Афроди саркаш аз пардохти алимент мавриди ҷустуҷӯ эълон мешаванд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар мавриди ҷазои ашхосе, ки бо ҳар роҳу восита аз пардохти алимент (маблағ барои фарзанди ноболиғ ва волидони нотавон) саркашӣ мекунанд, баррасӣ ва қабул кард. Мувофиқи тағйироти қабулшуда, мақоми афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва ҳамчунин нигоҳубину […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар мавриди ҷазои ашхосе, ки бо ҳар роҳу восита аз пардохти алимент (маблағ барои фарзанди ноболиғ ва волидони нотавон) саркашӣ мекунанд, баррасӣ ва қабул кард.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, мақоми афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва ҳамчунин нигоҳубину ғамхории волидони нотавон ва ниёзманд ба кумак муайян карда шуд.

«Шахсоне, ки дар муддати се моҳ қарори суд дар бораи ҷудо кардани алимент барои фарзандон ва нигоҳубини волидони нотавонро иҷро намекунанд, афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти он шуморида мешаванд», – изҳор дошт ба вакилони парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон беш аз 65 ҳазор қарорҳои суд дар бораи пардохти маблағи алимент ба фарзандони ноболиғ дар дасти судиҷрочиён қарор дорад.

«Шахсоне, ки алименти фарзандонашонро пардохт намекунанд ё барои нигоҳубини волидони нотавону оҷизашон восита ҷудо намекунанд, ҷазои сахт гирифта, мавриди ҷустуҷӯ эълон мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва волидони ба кумак ниёздошта ҷазои аз 120 то 180 соат кори ҳатмӣ ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол, ҳамчунин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.