Боздошти қотилони духтари ноболиғ дар Суғд бо гузашти 20 сол

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия ҳодисаи куштори моҳи декабри соли 2007 рухдодаро ошкор намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин куштор 2 тан аз сокинони ноҳияи Конибодом боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон санаи 21 декабри соли 2007 ба манзили […]

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони милитсия ҳодисаи куштори моҳи декабри соли 2007 рухдодаро ошкор намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ба гумони даст доштан дар ин куштор 2 тан аз сокинони ноҳияи Конибодом боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон санаи 21 декабри соли 2007 ба манзили сокини 56-солаи ҳамин ноҳия ворид шуда, пай мебаранд, ки духтари соҳиби манзил – хонандаи синфи 8 (соли таваллуд 1993) онҳоро дидааст.

«Онҳо барои халос шудан аз шоҳид, аввал духтарро бо чӯб лату кӯб ва сипас ӯро буғӣ мекунанд, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ. – Баъдан барои рӯйпӯш сохтани ҷиноят, онҳо ҷасади духтарро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд».

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи се моддаи Кодексии ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.