Муовини сарвазир омодагии ВМКБ-ро ба зимистон санҷид

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии ноҳияҳои ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар шаҳри Хоруғ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситоди вилоятӣ ва ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, қайд кард, ки маълумоти омории онҳо аз ҳам тафовути зиёд доранд.

Зикр гардид, ки сарфи назар аз моҳи сентябр ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ барои харидории ангишт, имрӯз дар ВМКБ аз нақшаи пешбинишуда дар муассисаҳои соҳаи маориф – 84%, тандурустӣ – 68% ва фарҳанг – 85% ангишт захира шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, муовини сарвазир аз фаъолияти кормандони идораҳои истифодаи роҳҳои вилоят низ интиқод карда, изҳор дошт, ки то имрӯз онҳо ҳамагӣ 21% аз нақшаи пешбинишуда сӯзишворӣ захира кардаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин қайд шуд, ки дар ВМКБ барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ ему хошок захира нагардида, дар ин робита муовини сарвазир дастур дод, ки то 15 октябр ин масъала ҳаллу фасл шавад.

Муовини сарвазир аз сатҳи рушди саноат дар ноҳияи Дарвоз қаноатмандӣ изҳор намуда, ба раисони ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим дастур дод, ки ҷиҳати рушди ин бахши иқтисод тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...