Сокини Истаравшан аз ғояти рашк занашро назди мардум кушт

Куштор рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар қаламрави бозори «Гули сурх» ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, номбурда нимаи аввали рӯзи 2 […]

Куштор рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар қаламрави бозори «Гули сурх» ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, номбурда нимаи аввали рӯзи 2 октябр ба ҷойи кори собиқ ҳамсараш, зани 40-сола, соҳибкор, ба кӯчаи Умарови шаҳри мазкур омада, аз сабаби ҳиссиёти рашк, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагӣ 19-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ВКД Тоҷикистон боз доир ба як ҷинояти рӯзи 2 октябр содиршуда хабар медиҳад. Ба гумони оташ задани хонаи сокини 56-солаи шаҳри Ваҳдат домоди ӯ, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуда, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.