Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳо дар давраи раёсат дар ИДМ

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардида, дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки дар соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раисӣ дар иттиҳод ва нақшаи иҷрои он таҳия шуда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм гузошта хоҳад шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳанат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022 ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.

Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳамзамон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ хамчунин доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 – Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва санаи  баргузори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор  намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...