Боздошти мансабдорони воломақоми Бюрои «Интерпол» дар Тоҷикистон

Ду корманди воломақоми Бюрои миллии Маркази «Интерпол» дар Тоҷикистон ба гумони порагирӣ боздошт шуданд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҷумҳурӣ дар бораи боздошти сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД Тоҷикистон подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов маълумот медиҳад. […]

Asia-Plus

Ду корманди воломақоми Бюрои миллии Маркази «Интерпол» дар Тоҷикистон ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҷумҳурӣ дар бораи боздошти сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД Тоҷикистон подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов маълумот медиҳад.

Гуфта мешавад, онҳо  бо роҳи фиреб бо баҳонаи он ки як шаҳрвандро бо парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб намуданашон, маблағи 15.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудаашон дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудаанд.

Ҳамчунин Алоҳиддин Камолов ба ҳамин монанд аз як шаҳрванди дигар маблағи 15.000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакии Алоҳиддин Камолов санаи 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашини шахсиаш маблағи 5000 сомониро гирифта, боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудааст.

Шаҳрвандон аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Алоҳиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳобов огоҳ ва бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш намуданд, ки нисбати номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Худи ҳамон рӯз, яъне 30 августи соли 2017 дар назди бозори Шоҳмансури шахри Душанбе майори милитися Ҷовид Ваҳобов баъди бо маслиҳати пешакӣ бо Алоҳиддин Камолов зимни аз шаҳрванд гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш дастгир гардида, маблағи 10.000 сомонӣ аз дохили автомашинаи номбурда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Зикр мегардад, ки нисбати Ҷовид Ваҳобов ва Алоҳиддин Камолов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.