«Қолинҳои Қайроққум», ҷинси Сarrera, арақи «Шоҳона» ва шоколади «Амирӣ» дар Ӯзбекистон

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад. Дар гузориши тасвирии мо гӯшаҳои корхонаҳои Тоҷикистон. Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек доир гардида, дар он […]

Asia-Plus

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад. Дар гузориши тасвирии мо гӯшаҳои корхонаҳои Тоҷикистон.

Дар доираи кори намоишгоҳ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек доир гардида, дар он наздики 500 нафар намояндагони корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги минтақаҳои гуногуни ҳарду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи кори намоишгоҳ беш аз 20 қарордод ва 6 ёддошт, аз ҷумла Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои корӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид.

Бино ба маълуомти ПСС Ӯзбекистон, соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол 197 млн. доллар ва танҳо давоми моҳҳои январ-сентябр 178,2 млн. долларро ташкил додааст.

Дар Ӯзбекистон 24 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд, аз ҷумла 1 корхона бо 100% сармояи Тоҷикистон. Дар навбати худ, дар қаламрави Тоҷикистон 9 корхона бо иштироки резидентҳои Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.