Бердимуҳаммадов ба Путин саги алопар туҳфа кард

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Сочӣ қарор дорад, ба ҳамтои руси худ Владимир Путин бахшида ба рӯзи зодрӯзаш саги навъи алопар ё алабайро бо лақаби "Содиқ" тӯҳфа кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба хадамоти матбуотии Кремл, Бердимуҳаммадов президенти Русияро бо 65-умин солгарди […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Сочӣ қарор дорад, ба ҳамтои руси худ Владимир Путин бахшида ба рӯзи зодрӯзаш саги навъи алопар ё алабайро бо лақаби "Содиқ" тӯҳфа кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба хадамоти матбуотии Кремл, Бердимуҳаммадов президенти Русияро бо 65-умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфта, сагеро, ки аз Туркманистон бо худ бурда буд, тӯҳфа намудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=9QGkSf2vszo

"Чанде пеш шумо рӯзи хубе, рӯзи фариштаро доштед ва бинобар ин аз самими қалб онро бароятон табрик мегӯям. Пеш аз ҳама барои шумо сиҳатии комил, комёбӣ ва тамоми хӯшиҳоро таманно дорем", – изҳор дошт президенти Туркманистон.

"Медонам, ки шумо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, на танҳо барои кишвари худ, балки барои ҷаҳон корҳи бисёреро анҷом медиҳед. Имрӯз бо худ саги алабайеро аз Туркманистон овардаам, ки Содиқ ном дорад. Фикр мекунам, дар шумо ҳам ин ном маъруф аст. Вақте мо бозиҳои осиёиро баргузор мекардем, рамзи асосии онҳо низ саги алабай буд", – афзуд Бердимуҳаммадов.

Бердимуҳаммадов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 12 октябр баргузор мешавад, ба шаҳри Сочии Русия сафар кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.